Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргирии пурқурбонӣ дар шарқи Яман


Дар даргирии дирӯза байни артиши Яман ва гурӯҳҳое, ки монеъи кори як лӯлаи нафт дар шарқи ин кишвари арабӣ мешуданд, то 17 нафар кушта шудаанд. Набардҳо дар вилояти Маъориб вақте сар шуд, ки артиш ба амалиёти дифоъ аз лӯлаи харобшуда оғоз кард. Яман аз замони шурӯъи эътирозҳои зидди раҳбари собиқаш Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ дар феврали соли 2011 дар панҷаи беназмиҳо боқӣ мемонад. Лӯлаҳои нафту гази Яман ҳадафи ҳамлаҳои батакрори ҷангиёни марбут ба Ал-Қоида қарор мегиранд. Бино ба ҳисобҳои расмӣ, хисороти давлат аз ҳамла ба лӯлаҳо имсол ба 1 миллиард доллар расида, содироти нафти кишвар низ 4,5 фоиз коҳиш ёфтааст.
XS
SM
MD
LG