Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кобул марги 21 афғон дар обҳои Юнонро тасдиқ кард


Вазорати хориҷаи Афғонистон ҳалокати 21 шаҳрванди афғон дар сониҳаи як киштии ҳомили муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар соҳили Юнонро тасдиқ кард. Ин киштӣ, ки аз Туркия шино мекард, рӯзи 13 декабр ба иллати ҳавои тӯфонӣ ғарқ шуд. Сухангӯи вазорат Ҷонон Мӯсозай гуфт, 21 ҷасадро ба мақомоти ба Юнон эъзомшудаи афғон супурдаанд. Ин аҷсодро бояд дар рӯзҳои наздик ба Афғонистон интиқол диҳанд. Муртазо Муҳаммадӣ, яке аз афғонҳое, ки аз ин сониҳа ҷон ба саломат бурд, ба Озодӣ гуфт, онҳо дар киштии моҳидорие буданд, ки тавони бурдани ҳамагӣ 10-15 нафарро дошт. Ӯ афзуд, дар байни қурбониҳо занону тифлон ҳам буданд. Миллияти қурбониёни дигари ин сониҳа ҳанӯз эълон нашудааст.
XS
SM
MD
LG