Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамаи сарнишинони ҳавопаймои Қазоқистон ҳалок шудаанд


Бино ба хабарҳо, бар асари суқути ҳавопаймои борбари нирӯҳои марзбонии Қазоқистон ҳамаи 27 сарнишинаш ҳалок шудаанд. Ҳавопаймо дирӯз дар наздикии Шимкент – маркази вилояти Қазоқистони ҷанубӣ суқут кард. Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон тасдиқ кард, ки дар дохили ҳавопаймо 7 халабон ва 20 мусофир буданд, ки якеи онҳо фармондеҳи нирӯҳои марзбонӣ сарҳанг Турганбек Стамбеков будааст. Як масъули хадамоти марзбонӣ ба Озодӣ гуфт, касе аз сарнишинон ҷон ба саломат набурдааст. Стамбеков дар моҳи июн дар пайи қатли 14 марзбон дар як посгоҳи дурдасти воқеъ дар марз бо Чин фармондеҳи нирӯҳои марзбонии Қазоқистон таъйин шуда буд.
XS
SM
MD
LG