Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонуни асосии Миср тасвиб шуд


Куммиссиюни интихоботи Миср гуфт, дар раъйпурсии рӯзҳои 15 ва 22 декабр 64 дарсад аз тарҳи Қонуни асосии кишвар ҳимоят кардаанд. Аммо мизони ширкати мардум дар ин райъпурсӣ 33 дарсад будааст. Мақомот мегӯянд, тахаллуфоти ҷиддие пайдо накардаанд, ки ба натиҷаҳои райъпурсӣ таъсири ҷиддӣ расонда бошад. Тарҳи Қонуни асосии Миср аз сӯи маҷлисе таҳия шудааст, ки аксарияташ дар дасти ёрони исломгарои раисиҷумҳур Муҳаммад Мурсӣ буд. Аммо мухолифини ислоҳталаб ин тарҳро радд карда, мегӯянд, ки он озодиҳои демократӣ ва ҳуқуқи занону ақалиятҳоро замонат намедиҳад. Вазорати хориҷаи Амрико аз Мурсӣ хост, то акнун ҷиҳати рафъи ихтилофот амал кунад.
XS
SM
MD
LG