Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чанд рӯйдоди муҳими 26 декабр


Имрӯз, 26 декабр, Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон тарҳи қонуни чарогоҳҳоро баррасӣ мекунад. Имрӯз сарвазири Гурҷистон Бидзина Иванишвилӣ аз Озарбойҷон боздид мекунад. Имрӯз дар Токио дар нахустин иҷлоси парлумони нави Ҷопон раҳбари ҳизби либерал-демократ Синдзо Абэ расман сарвазири ҷадид интихоб шуда, ба дунбол ҳайъати кобинаашро эълон хоҳад кард. 26 декабри соли 2003 заминларзаи шадид 90 дарсади шаҳристони Бам дар Эрон тахриб карда, беш аз 50 000 нафарро кушт. 26 декабри соли 2004 тсунамӣ дар 12 кишвари даври уқёнуси Ҳинд ҷони дастикам 216 000 нафарро рабуд. Ва 26 декабри соли 1982 маҷаллаи амрикоии “Time” барои бори аввал на кадом як инсон, балки компутарро “Чеҳраи сол” эълон кард.
XS
SM
MD
LG