Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон як ҳавопаймои низомӣ суқут кардааст


Бино ба хабари матбуоти Қазоқистон, як ҳавопаймои низомӣ дар ҷануби ин кишвар суқут кардааст. Дар бораи талафоти ҷонӣ низ гузориш додаанд. Вале дар бораи шумораи одамони ҳалокшуда чизе гуфта нашудааст. Ҳавопаймои Antonov An-72 дар наздикии шаҳри Шимкент дучори садама гардидааст.

Хабаргузории Интерфакси Русия аз қавли Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон навиштааст, ки дар ҳавопаймо 7 халабон ва 20 низомии дигар нишаста будаанд.
Дар хабари аввалия омадааст, ки дар миёни онҳо мақомоти баландпояи хадамоти марзбонии Қазоқистон низ будаанд.

Гурӯҳҳои наҷот дар маҳали ҳодиса ба кор шуруъ кардаанд.
XS
SM
MD
LG