Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қотили мушовири амрикоӣ дар Кобул шаҳрванди Эрон будааст


Вазорати корҳои дохилаи Афғонистон мегӯяд, як пулисзани афғон, ки мушовири амрикоиро ҳадафи тир қарор додааст, шаҳрванди Эрон будааст.

Сиддиқ Сиддиқӣ-сухангӯи вазорат гуфтааст, зане, ки барои ин куштор боздошт шуд, бо номи Наргис тақрибан 10 соли пеш бо ҳуҷҷатҳои дуруғин шаҳрвандии Афғонистонро бо кӯмаки шавҳари афғони худ гирифтааст ва ба нируҳои пулиси Афғонистон ба кор даромадааст.

Наргис 33 сол дорад ва соҳиби 4 фарзанд аст. Вай дар давоми ду соли охир дар вазорати корҳои дохилии Афғонистон кор кардааст ва то ҳол ба таври ғайриқонунӣ шаҳрвандии Эронро нигоҳ доштааст.

Мақомоти интизомии Афғонистон мегӯянд, ки шавҳари вай низ боздошт шудааст.
XS
SM
MD
LG