Пайвандҳои дастрасӣ

Ду раҳбари соҳаи энержии Тоҷикистон ба ин савол, ки кай кишвар ба истиқлолияти энержӣ мерасад, посухи мушаххас дода натавонистанд.

Ин суоле буд, ки имрӯз, 25-уми декабр, аз тарафи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон, Гул Шералӣ ва раиси ширкати “Барқи тоҷик”, Абдулло Ёров дода шуд, вале посухи рӯшане дар ҷавоб садо надод. Дар забони мардуми одӣ низ пурсише матраҳ аст, ки оё кай дар Тоҷикистон “лимит”-и барқ барҳам мехӯрад ва мардум 24 соати шабонарӯз дар тамоми фаслҳо хонаҳои рӯшану гарм хоҳанд дошт.

Амиршо Миралиев, муовини раиси парлумони Тоҷикистон, аз посухҳои Абдулло Ёров, сарвари ширкати «Барқи тоҷик», ки далели ҳар мушкилиро вазъи бади молиявӣ мегуфт, изҳори норизоиятӣ карда, масъулонро ба саҳлангорӣ айбдор намуд: «Нангу номуси миллӣ дар мо нест. Масалан, чанд сол аст, ки системаи гармидиҳӣ дар шаҳри Душанбе кор намекунад? Чанд сол боз? Магар барои ҳал кардани мушкили 700 ҳазор аҳолӣ ягон мушкили ҷиддӣ аст? Хоҳиш нест. Офарин, ба он шаҳрҳое, ки 10 – 15 миллион аҳолӣ доранд. Масъалаи молиявиро ба миён мегузоред. Аммо кӯшишу ҳаракат кардан даркор буд. Шуморо бо боварии том президент ба ин вазифа гузоштаанд.»

Муҳокимаи парлумонӣ дар мавзӯи Барномаи дарозмуддати бунёди нерӯгоҳҳои хурд дар ҳоле баргузор шуд, ки дар кишвар аз соли 1996 инҷониб дар фасли зимистон интиқоли барқ ба аҳолӣ маҳдуд мешавад ва ба истиснои пойтахти кишвар ва Бадахшон тамоми шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳои кишвар аз рӯи реҷа барқ мегиранд. Ин вазъ норизоиятии мардумро низ ба бор овардааст. Изҳороти ахири Бонки ҷаҳонӣ дар ин маврид, ки то соли 2016 буҳрони энержӣ дар Тоҷикистон шадидтар хоҳад шуд, дастовардҳои ҳукумати Тоҷикистонро дар соҳаи энержӣ ва расидан ба истиқлолияти энержиро зери шубҳа мегузоранд.

Ҳангоми муҳокима аз ҷумла як намояндаи мардумӣ пурсид, ки чаро бо сохта шудани ду нерӯгоҳи бузург – “Сангтӯда – 1” ва “Сангтӯда – 2” ва ҳам даҳҳо нерӯгоҳи хурду бузург мушкили бебарқӣ дар Тоҷикистонро тайи 15 соли ахир аз байн набурд.

Гул Шералӣ, вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон

Гул Шералӣ, вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон

Вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ дар посух гуфт, "далели асосии камбуди барқ дар фасли зимистон коҳиш ёфтани ҳаҷми об дар дарёву обанборҳост, зеро 98 дарсади барқи Тоҷикистон аз ҳисоби нерӯгоҳҳои обӣ ба даст меояд. Зимистон ба сабаби кам шудани об аз се як агрегати Сангтӯда – 1 ва танҳо 1 агрегати Сангтӯда – 2 кор мекунад. Аз 276 нерӯгоҳи хурд 159 - тоаш дар ҳама фасли сол кор мекунанд, аммо зимистон 18 – тоаш умуман фаъол нестанд ва бақия қисман барқ медиҳанд.»

Ҷаноби Шералӣ гуфт, аз ҳисоби нерӯгоҳҳои хурд солона 40 миллион киловат соат ба маблағи 4,5 миллион доллар барқ истеҳсол мешавад. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ дар ибтидои даврони истиқлолият дар кишвар ҳамагӣ 5 нерӯгоҳи хурд буд. Ба қавли ӯ, дар саросари кишвар барои афроди эҳтиёҷманд ва созмонҳои тандурустии ноҳияҳои дурдаст 2 700 адад нерӯгоҳи офтобӣ ва барои озмоиш 5 нерӯгоҳи бодӣ дода шудаанд, ки рӯзона ҳудуди 90 киловат-соат барқ медиҳанд. Вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон гуфт, бар иловаи барқи мавҷуда, барои расидан ба истиқлолияти энержии Тоҷикистон боз 3 миллиард киловат соат барқи дигар лозим аст.

Шодӣ Шабдолов, вакили парлумони Тоҷикистон

Шодӣ Шабдолов, вакили парлумони Тоҷикистон

Дар ҳамин ҳол, Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва намояндаи он дар парлумон мегӯяд, роҳи Тоҷикистон ба сӯи истиқлолияти энержӣ заминаи қавии қонунгузориро надорад. Вай гуфт, то ба ҳол ду ҳуҷҷати асосӣ - Қонуни сарфаҷӯии энергия ва Қонуни мукаммали энергетика ба тасвиб нарасидаанд. Вай афзуд, нерӯгоҳҳое, ки зеби омори расмӣ ҳастанд, асосан бо техникаи кӯҳнаву дастсохт ва хориҷ аз назорати ҳукумат ҳастанд. Вай афзуд, ҳукумат бояд ҳамаи онҳоро таҳти назорат гирад ва ба ҷои онҳо бо ёрии сармоягузорони хориҷиву дохилӣ бар асоси меъёрҳои байналмилалӣ нерӯгоҳҳои дигарро бунёд кунад. Шабдолов барои осонтар шудани ин кор ташкили равзанаи гирифтани иҷозатҳоро зарур медонад: «Ҳар кас даводав накунад ва теъдоди бузурги санадҳоро идора ба идора гашта, ҷамъ насозад. Равзанаи ягона, яъне хадамоти махсус дар вазорати саноат ва энергетика ташкил шавад ва санадҳоро омода карда, ба дасти шахсе, гурӯҳе ё деҳае, ки мехоҳад нерӯгоҳ созад, медиҳад.»

Намояндагони мардум ҳамчунин аз ин нукта изҳори норозигӣ карданд, ки истеҳсоли як киловат соат барқ дар Тоҷикистон ба 26 дирам тамом мешавад ва масрафи он дар истеҳсолот 60 дарсадро ташкил медиҳад.

Мақомот дар посух ба ин иддао гуфтанд, ки таҷҳизоти корхонаҳои кишвар аз замони шӯравӣ монда, барқи зиёд «мехӯранд» ва ҳам харҷи таъмири дастгоҳу таҷҳизоти нерӯгоҳҳо хеле зиёд аст. Шералӣ Гул гуфт, ба хотири истеҳсоли таҷҳизоти нерӯгоҳҳо ва дастгоҳҳои барқӣ дар кишвар бо кӯмаки СММ бар пояи зарфиятҳои «Текстилмаш» дар Душанбе ва «Заря Востока» дар Суғд то соли оянда 50 дарсади қисмҳои эҳтиётӣ истеҳсол хоҳанд шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG