Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ба 20 солагии ташкили артиши миллӣ омода мешавад


Вазорати дифои Тоҷикистон ба 20 солагии ташкили Артиши миллии ин кишвар омодагӣ мегирад. Ба ин муносибат сарбозону афсарон ба паради низомӣ омода мешаванд.

Ба паради низомӣ, ки 23 феврал баргузор мешавад, 6 ҳазор афсару сарбозони вазорати дифоъ, Горди миллӣ, неруҳои марзбонӣ ва неруҳои умури дохилаву дигар ҷузу томҳо ҷалб шудаанд.

Ҳамчунин дар маросими 20 солагии таъсиси артиши Тоҷикистон неруҳои ҳавоӣ, пиёданизом ва зиреҳпушу танкҳо намоиш дода мешавад.

Ин нируҳо дар роҳи мошинрави хиёбони Ҳофизи Шерозӣ соати 9:00 то 16 00 қадамзанӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG