Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арзиши аслии 1кВт барқи Норак аз як дирам камтар аст


Гул Шералӣ, вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон мегӯяд ҳар қадар нерӯгоҳи барқӣ калонтар бошад, ҳамон қадар нерӯи тавлидкардааш арзонтар мебошад.

Гул Шералӣ, ки имрӯз, 25-уми декабр дар назди вакилони парлумони Тоҷикистон баромад мекард, арзиши аслии як киловатти барқи нерӯгоҳи калонтарини кишвар, «Норак»-ро ҳамагӣ 0.85 дирам гуфтааст.
Ин дар ҳолест, ки айни ҳол мардуми Тоҷикистон як килловат нерӯи барқро қариб 15 маротиба қиматтар, ба ивази 11,5 дирам мехаранд. Баробари ин коршиносони байналмилалӣ пешниҳод доранд, ки нархи барқ дар Тоҷикистон боз 50 дарсад боло бардошта шавад.

Дар ҳамин ҳол Гул Шералӣ таъкид мекунад, ки на ҳамаи нерӯгоҳҳои Тоҷикистон ба монанди "Норак" барқи арзон тавлид мекунанд. Аз ҷумла як килловат барқи нерӯгоҳи Қайроқум ба гуфтаи вазири энергетика ва саноати кишвар 1.7 дирамро ташкил медиҳад ва дар баъзе нерӯгоҳҳои хурдтар ин нишондод то ба 24 дирам мерасад. Ба гуфтаи Гул Шералӣ ҳар қадар нерӯгоҳ хурдтар бошад, ҳамон қадар маҳсули он гаронтар меғалтад.
XS
SM
MD
LG