Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Курдистони Ироқ содироти нафти худро боздошт


Мақомоти расмии Курдистони Ироқ гуфтаанд, ки ба сабаби баҳсҳои мавҷуда бо ҳукумати марказӣ дар бораи пардохти ҳақи нафт дар Бағдод содироти онро боздоштаанд. Раҳбарии ин минтақаро курдҳо бар ӯҳда доранд.

Чунин тасмим муносиботи сарди раҳбарияти курди Курдистонро бо ҳукумати марказӣ дар Бағдод, ки аслан аз арабҳо иборат аст, метавонад сардтар кунад.

Аз соли 2003 ба ин сӯ, аз замони вуруди нируҳои байналмиллалӣ ба Ироқ Курдистон ба таври якҷониба бо ширкатҳои нафтии хориҷӣ бештар аз 50 қарордод имзо кардааст. Аммо Бағдод мегӯяд, ки Курдистон худаш ба таври мустақил наметавонад ин гуна қарордодҳоро ба имзо расонад.

Соли 2011 ҳар ду ҷониб розӣ шуданд, ки курдҳо нафтро ба Бағдод мефиристанд ва даромади иловагӣ аз фурӯши онро мегиранд.

Аммо Алӣ Ҳусейн Бало-мушовири вазорати захоири табии Курдистон гуфтааст, ки Бағдод аз 848 миллион долларе, ки бояд ба Курдистон диҳад, 300 миллаонашро нигоҳ доштааст.
XS
SM
MD
LG