Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи Алмаато рӯзномаи мухолифонро баст


Бино ба дархости додситонӣ, як додгоҳи шаҳри Алмаато ҳукми бастани рӯзномаи “Республика”-и мухолифони давлати Қазоқистон ва торнамои онро содир кард. Як ҷо бо он 8 сомонаи дигаре, ки аз он ҳимоят мекарданд, баста хоҳанд шуд.

Татяна Трубачёва-сардабири “Республика” мегӯяд, ин ҳукми додгоҳ субҳи рӯзи сешанбе эълон шудааст. Трубачёва гуфтааст, дар давоми 15 рӯзи оянда бар зидди ин ҳукми додгоҳ шикоят хоҳанд бурд.

Додгоҳ бо ин ҳукми худ Ҳизби Алга, созмони Халик Майдани ва 8 рӯзномаву 23 сомонаи интернетиро “тундрав” эълон кардааст.

Додситонӣ ҳамчунин аз додгоҳ хостааст, ки нашр ва тақсими рӯзномаи “Республика”, “Взгляд”, сомонаҳои интернетии онҳо ва ҳамчунин фаъолияти шабакаи телевизионии K+ ва Stan-TV низ дар қаламрави Қрзоқистон мамнӯъ эълон шавад.
XS
SM
MD
LG