Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар СММ роҷеъ ба конфронси аслиҳа ба тавофуқ расиданд


Маҷмаи Умумии СММ баъд аз райдиҳӣ хостори баргузории конфронсе шуд, ки дар он роҷеъ ба аҳдномаи танзими тиҷорати аслиҳа ба маблағи миллиардҳо доллар дар саросари ҷаҳон ҷонибҳо бояд ба созиш расанд.

Рӯзи душанбе дар ҳоле, ки 17 узви Маҷмаи Умумӣ ҳузур надоштанд, 133 кишвари ҳозир ба ҷонибдорӣ аз ин пешниҳод рай доданд. Акнун қарор аст конфронси танзими тиҷорати аслиҳа рӯзҳои 18-28 март дар Нию Йорк дар мақари СММ баргузор шавад.

Моҳи июли соли ҷорӣ талоше барои даст ёфтан ба тавофуқ бо нокомӣ анҷомид. Он вақт Амрикову Русия ва Чин дархост карда буданд, ки барои омӯзиши ин пешниҳод ба вақти бештар ниёз доранд.
XS
SM
MD
LG