Пайвандҳои дастрасӣ

Харобаи Хоруғ. Хобгоҳи омӯзгорон барқарор нашудааст


Мақомоти Бадахшон мегӯянд, бинои хобгоҳи омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Хоруғ, ки дар ҷараёни амалиёти рӯзи 24-уми июли соли равон дар маркази вилоят пурра сӯхта нобуд шуд, соли оянда барқарор мегардад.

То ҳоло харобаҳои ин бино, ки калонтарин осебҳои молии амалиёт шумурда мешавад ҳамчун як хотираи рӯзҳои пуризтироб дар канори роҳи мошингард боқӣ мондааст. Дар гузашта дар ин бино 12 нафар аз омӯзгорони донишгоҳ бо аҳли оилаашон зиндагӣ мекарданд.

То ҳоло барои 6 омӯзгор як бинои кӯҳнаро навсозӣ карданд ва се омӯзгори дигар муваққатан дар дар хобгоҳи донишҷӯён ба сар мебаранд. Аммо манзили нави 6 омӯзгор низ муваққатист, зеро биное, ки бо 59 000 сомонии созмони байналмиллалии «Глобал партнерс» барояшон бозсозӣ шуд, тибқи нақшаи генералии шаҳр, тобистони соли оянда аз байн бардошта хоҳад шуд.

Фаррух Ҳайдаров, яке аз омӯзгороне, ки калиди манзили навро ба даст гирифтааст, мегӯяд, нороҳатиҳои истиқоматгоҳи муваққатиро таҳаммул мекунанд, зеро ба онҳо гуфтанд, ки моҳи июн бояд биноро холӣ намоянд: “Агар байни хонаҳо бо девор ҷудо мешуд, ҳам мустаҳкамтар буд ва ҳам хатари сӯхтор камтар мешуд. Дигар, ин ки роҳрав надорем ва ҳамин, ки дарро мекушоем, шамол мезанад.”

Ба гуфтаи ноиби садри донишгоҳ Мамадаслам Мамадасламов, ҳаҷми хисороти расида ба манзилҳои нобудшударо комиссиюни ҳолатҳои фавқулодаи ҳукумати вилоят 199 000 сомонӣ муқаррар кард, вале барои сохтмони хонаҳои нав ҳудуди як миллион сомонӣ зарур аст.

Ҷаноби Мамадасламов гуфт: “Ҳозир нарху навои масолеҳи сохтмонӣ қимат аст, бо ин маблағ барои ду ва ё се нафар манзил сохтан мумкин. Барои он, ки омӯзгоронии манзилҳояшон нобудшударо бо хона таъмин кунем, тахминан ниёз ба 800 ҳазор ва ё як миллион сомонӣ аст.”

Омӯзгорон мегӯянд, дар моҳи июли соли равон онҳо шоҳиди сӯхтани манзилҳои худ шуданд. Бинои чӯбии хобгоҳ аз таркиши як снаряди нерӯҳои ҳукуматӣ дар як они воҳид лаҳза дар гирифт. Ин воқеа ҳақиқати масали “сӯхтан осон, сохтан мушкил”-ро бори дигар нишон дод.

Аммо ноиби раиси донишгоҳ Мамадаслам Мамадасламов мегӯяд, бо вуҷуди вазъи фавқулодаи тирамоҳи гузашта ва ҳолати ногуворе, ки баъд аз амалиёт ба миён омад, мақомот тавонистанд, ҳарчӣ тезтар омӯзгоронро бо сарпаноҳ таъмин кунанд.

Қаблан мақомоти Тоҷикистон гуфта буданд, ки зарари молии марбут ба амалиёти Хоруғро пурра пардохтаанд. Ин зарар бештар аз як миллиону 200 ҳазор сомониро ташкил додааст. Аммо омӯзгорон мақомотро муттаҳам мекунанд, ки дар мавриди барқарор сохтани манзилҳои тахрибшудаашон то зимистон, ваъдахилофӣ кардаанд ва то сохтмони оянда, бархе аз бесарпаноҳмондагон меҳмони иҷбории хешовандонашон хоҳанд монд, зеро илоҷи дигаре надоранд.
XS
SM
MD
LG