Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Телефони боварии Бонки миллӣ фаъол шуд


Бонки миллии Тоҷикистон барои муайян ва ҳал кардани мушкилоти мардум дар бахши хизматрасониҳои бонкӣ телефони боварӣ фаъол кардааст.

Абдуғаффор Қурбонов, сухангӯи Бонки милии Тоҷикистон, рӯзи 25-уми декабр ба радиои Озодӣ гуфт, ки Бонки миллӣ барои ислоҳи камбудиҳо ва ҳалли фаврии мушкилоте, ки дар фаъолияти банкоматҳои ташкилотҳои қарзӣ ё бонкҳои кишвар ба миён меоянд, рақами (+992 44) 600-15-20 –ро фаъол кардааст, ки шаҳрвандон метавонанд, дар дилхоҳ вақт ба он тамос гиранд.

Абдуғаффор Қурбонов афзуд, ки барои ҳаллу фасли дигар масъалаҳои марбут ба истифодабарии кортҳои пластикӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон хадамоти телефони боварӣ аз имрӯз ба кор шуруъ намуд.
XS
SM
MD
LG