Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-21) бар тими мунтахаби бошгоҳҳои кишвар бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд.

Ин бозии санҷишӣ 24-уми декабр дар варзишгоҳи “Барқ”-и шаҳри Норак дар доираи омодагӣ ба Ҷоми Иттиҳод-2013, ки аз 18-ум то 27-уми январ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия барпо мегардад, доир шуд. Голҳоро Шодибек Ғаффоров дар дақиқаи 45-ум ва Ҷаҳонгир Эргашев дар дақиқаи 47-ум ба ҳадаф расонданд.

Ёдовар мешавем, ки дар Ҷоми Иттиҳод-2013 дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи “А” бо тимҳои Белорус, Латвия ва Эстония рақобат мекунад. Нахустин бозиро футболбозони ҷавони тоҷик 18-уми январ бо мунтахаби Эстония анҷом медиҳанд.

Дар даври дувум ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ва ду тими беҳтарин миёни дастаҳои ҷойҳои севумро ишғолкарда барои ҷойҳои 1-8-ум мубориза мебаранд. Дастаҳои боқимонда барои ҷойҳои 9-12-ум талош мекунанд. Бозии ниҳоӣ 27-уми январ барпо хоҳад гашт. Ҳамаи бозиҳо дар маҷмааи фарҳангию варзишии «Петербургский» баргузор мешаванд.

Ҷамъомади таълимиву тамринии дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар шаҳри Норак то 30-юми декабр идома хоҳад кард.

Ба дастаи мунтахаб 26 бозигар: 4 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 6 ҳамлагар даъват шудаанд: дарвозабонҳо - Фаррух Бердиев («Истаравшан»), Муъминҷон Гадойбоев («Хуҷанд»), Муродулло Саидов, Эмомалӣ Сониев (ҳарду –«Истиқлол»), ҳимоятгарон - Фуруғ Қодиров, Руслан Тиллоев (ҳарду – ССКА «Помир»), Наим Улмасов, Сиёвуш Асроров, Сергей Абрамов (ҳарсе – «Вахш»), Алишер Шарифов («Регар-ТадАЗ»), Аҳтам Назаров, Павел Калугин (ҳарду - «Энергетик»), нимҳимоятгарон - Умедҷон Шарифов, Нуриддин Давронов, Вайсиддин Сафаров (ҳарсе – «Истиқлол»), Шамсиддин Қосимов, Азимҷон Юнусзода (ҳарду - ССКА «Помир»), Ҷамолиддин Зардиев («Вахш»), Нодирбек Маъмиров («Парвоз»), Расул Файзов («Регар-ТадАЗ»), ҳамлагарон - Наврӯз Рустамов («Равшан»), Ҷаҳонгир Эргашев, Толиб Султонов (ҳарду – «Истиқлол»), Шодибек Ғаффоров, Шавкати Ҳотам (ҳарду - «Энергетик»), Комрон Турсунов («Регар-ТадАЗ»).


Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG