Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи Чавес баъди ҷарроҳӣ "каме" беҳтар шудааст


Ҳуго Чавес
Ҳуго Чавес
Вазири иттилооти Венесуэла Эрнесто Виллегас дар як паёми телевизионӣ хабар дод, ки вазъи раиси ин ҷумҳурӣ Ҳуго Чавес баъд аз ҷарроҳии саратонаш дар Куба «каме» беҳтар шудааст. Чавеси 58-сола аз замони ҷарроҳиаш дар 11 декабр дар мазҳари омм зоҳир нашудааст. Ин чорумин ҷарроҳии саратони ӯ дар якуним соли охир аст ва ёронаш алакай мегӯянд, ки Чавес шояд то 10 январ, ки рӯзи адои савганди наваш аст, ба Венесуэла барнагардад. Чавес, ки 14 сол боз бар ин кишвари саршор аз нафту гази Амрикои Лотинӣ ҳукумат меронад, моҳи октябр барои боз як давраи шашсола президент интихоб шуд.
XS
SM
MD
LG