Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коҳиши қимати бозорҳои Амрико ва нархи нафт


Нигарониҳои афзоянда, ки сиёсатмадорони Амрикошояд натавонанд ба ҳаллуфасли буҳрони “шикофи андоз” комёб шаванд, боис шуд, ки қимати бозорҳои Амрико ва нархи нафт имрӯз каме пойинтар равад.Кохи Сафед ва аъзои Конгресс бояд то поёни сол, яъне дар камтар аз як ҳафтаи дигар рӯи будҷа ба тавофуқ бирасанд, вагарна аз сари соли нав як силсила коҳиши масрафот ва афзоиши молиёт, ки бо номи “шикофи андоз” маъруф буда, беш аз 600 миллиард долларро ташкил медиҳад, ба сурати автоматик ба иҷро медарояд. Иқтисоддонҳо мегӯянд, ки ин метавонад бузургтарин иқтисоди дунёро дубора ба ҳолати пасрафт баргардонад. Аммо раисиҷумҳур Барак Обама ва раҳбарони Конгресс феълан ҳама дар таътили Мавлуди Масеҳанд ва интизор намеравад, ки то рӯзи панҷшанбе ба Вошингтон баргарданд.
XS
SM
MD
LG