Пайвандҳои дастрасӣ

Ифтитоҳи парвандаи сеюм алайҳи Алексей Навалний


Алексей Навалний

Алексей Навалний

Мақомоти Русия алайҳи Алексей Навалний, ки аз мунтақидони шадиди раиси ин ҷумҳурӣ Владимин Путин ба шумор меравад, парвандаи севумро боз кардаанд. Мақомот дирӯз иддао карданд, ки Навалний дар соли 2007 бо истифода аз ширкатҳои ҷаълӣ беш аз 3 миллион доллари ҳизби собиқаш – Иттиҳоди нирӯҳои ростро аз худ кардааст. Навалний ин иттиҳомро “пӯч” номид. Як раҳбари собиқи Иттиҳоди нирӯҳои рост низ сирқати маблағҳои ҳизбро радд кардааст. Навалнийи 36-сола блогнавис ва муборизи маъруфи зидди фасод аст.
XS
SM
MD
LG