Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натоиҷи райъпурсии Миср шояд имрӯз эълон шавад


Бино ба хабарҳо, интизор меравад, мақомоти интихоботии Миср натоиҷи расмии райъпурсии тарҳи Қонуни асосиро имрӯз эълон кунанд. Натоиҷи ғайрирасмие, ки Ихвонулмуслимин ва манобеъи дигар нашр карданд, аз ҳимояти 64 дарсади мардум аз тарҳи пешниҳодӣ дарак медиҳанд. Тасвиби Қонуни асосӣ роҳро барои баргузории интихоботи парлумонӣ дар ду моҳи оянда боз хоҳад кард. Вале мухолифини ислоҳталаб ин тарҳро қабул надоранд ва мегӯянд, тарҳи Қонуни асосӣ аз сӯи тарафдорони исломгарои раисиҷумҳур Муҳаммад Мурсӣ таҳия шуда, дар амри тазмини озодиҳои демократӣ ва ҳуқуқи занону ақалиятҳои мазҳабӣ кӯтоҳӣ мекунад. Ҷабҳаи наҷоти миллӣ ҳамчунин аз вуҷуди тақаллуби зиёд дар ҷараёни раъйпурсии рӯзҳои 15 ва 22 декабр изҳори нигаронӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG