Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лимити барқ дар рӯзҳои Соли нав лағв мешавад


Ширкати “Барқи Тоҷик” эълон кард, ки тавзеъи барқ дар шаби Соли нав дар саросари Тоҷикистон бидуни маҳдудият сурат хоҳад гирифт. Сухангӯи “Барқи Тоҷик” Нозирҷон Ёдгорӣ гуфт, дар манотиқе, ки лимит ҷорӣ шудааст, аз субҳи 31 декабр то соати 22-и 1 январ барқ бидуни мамониат дода хоҳад шуд.
Тоҷикистон дар ҳар фасли сармо ба лимити шадиди барқ рӯбарӯ мешавад. Ин лимит имсол аз авоили октябр ҷорӣ шуд ва феълан, бино ба хабарҳои дарёфтӣ, тавзеъи барқ ба аҳолӣ дар манотиқи музофотӣ дар шабонарӯз 6-8 соатро ташкил медиҳад.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, лимити барқ танҳо баъди сохта шудани нирӯгоҳи Роғун аз байн хоҳад рафт. Вале ба бунёди ин нирӯгоҳ кишварҳои поёноби минтақа, бахусус Узбакистон, мухолифанд.
XS
SM
MD
LG