Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Иброҳимӣ ба хатми хунрезӣ дар Сурия умедвор аст


Ахзар Иброҳимӣ

Ахзар Иброҳимӣ

Ахзар Иброҳимӣ, фиристодаи вижаи СММ ва Ҷомеъаи кишварҳои араб дар умури Сурия, изҳори умедворӣ намуд, ки ҷонибҳои даргир дар мавриди хатми хунрезӣ ба созиш мерасанд. Баъд аз мулоқот бо раисиҷумҳури Сурия Башор Асад дар Димишқ, Иброҳимӣ гуфт, ки баъд аз шурӯи низоъ дар кишвар дар моҳи марти соли 2011 аллакай 44 ҳазор нафар ба ҳалокат расидаанд.

Аз ин пеш Иброҳимӣ бо намояндагони ИМА ва Русия масоили марбут ба бӯҳрони Сурияро баррасӣ намуд. Вошингтону Маскав изҳор намуданд, ки дар мавқеъҳои пешини худ қарор доранд – Амрико ҳамоно барои истеъфои Башор Асад пойфишорӣ мекунад ва Русия аз ҷонибдорони ангуштшумори режими Димишқ боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG