Пайвандҳои дастрасӣ

Русияву Ҳиндустон ду созиш дар бахши ҳамкориҳои низомиву фаннӣ ба маблағи тақрибан 2 миллиарду 900 миллион доллар имзо карданд. Бар пояи қарордод, Русия 71 чархболи Ми-17В-5 ва бастаи технологии барои истеҳсоли 42 ҳавопаймои ҷангии СУ-30МКИ-ро дар ихтиёри Ҳиндустон мегузорад.

Рӯзи душанбе сафари расмии раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ба Деҳлӣ шурӯъ шуд, ки қарор аст дар ҷараёни он масоили марбут ба ҳамкориҳои низомиву тиҷоратӣ миёни ду кишвар баррасӣ шавад. Владимир Путин бо нахуствазири Ҳиндустон Манмоҳан Сингҳ ва дигар мақомоти расмӣ дидору гуфтугӯ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG