Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Баъзе эшонзодаҳо форсиро медонанд, сирилликро не"


Нуриддин Саидов, вазири маорифи Тоҷикистон

Нуриддин Саидов, вазири маорифи Тоҷикистон

Вазири маорифи Тоҷикистон мегӯяд фарзандони бархе аз руҳониён бо ҳуруфи арабиасос шиносанд, вале аз хатти сириллик огаҳӣ надоранд.

Нуриддин Саидов, вазири маорифи Тоҷикистон, зимни як ҷаласаи ҷамъбастии сол дар минтақаи Кӯлоб, изҳор доштааст, дар ноҳияи Данғара шоҳид гардид, ки бархе аз хонандагон бо хатти форсӣ хуб баладанд, аммо аз ҳуруфи сириллик бехабаранд. Саидов аз ҷумла мактаби деҳаи Навободи Болои ноҳияи Данғараро ном бурда, вазъи омӯзиши ҳуруфи сирилликро дар ин ҷо ташвишовар хондааст: «Дар мактаби деҳаи Навободи Боло, ки Эшонобод ҳам мегӯянд, эшонбачаҳое ҳастанд, ки синфи 4-5 мехонанд, вале бо ҳуруфи сириллик шинос нестанд. Аз 6 солагиашон бо алифбои ниёгон шуғл меварзанд, вале ба мактаб ҳамин тавр рафта меоянд. Бисёрашон хатти сириликро умуман хонда наметавонанд.»

Дар мавриди нигарониҳои Нуриддин Саидов, як сокини деҳаи Навободи Боло, ки нахост номашро зикр кунем, гуфт, аслан, ташвиши вазири маориф ба таълимоти динӣ дар деҳа марбут аст. Ӯ гуфт, дар ин деҳа аксари сокинон худро эшонзодаву сайидзода, яъне авлоди Пайёмбари Ислом медонанд ва ба фарзандони худ дар хонавода аз Ислом дарс медиҳанд. Ин бошандаи деҳаи Навободи Боло изҳороти Нуриддин Саидовро, муболиға хонда, афзуд, ки «фарзандони эшонзодаҳо бо ҳуруфи форсӣ хуб ошноӣ доранд, аммо дар ҳуруфи сириллик низ он қадар бесавод нестанд.»

Ҳангоми тамоси телефонӣ бо ҳукумати ноҳияи Данғара, масъуле гуфт, аз ин масъала огоҳ нестанд, аммо агар ин гапро вазири маориф, гуфта бошад, он дуруст аст, зеро вазир зодаи ин ноҳия аст ва аз бурду бохти ин мавзеъ огоҳии хуб дорад.

Дар ҳамин ҳол коршиносон мегӯянд, ҳар нафаре, ки ба ҳуруфи форсӣ ошно аст, барояш ҳуруфи сириллик ҳеҷ мушкиле надорад. Абдулхайр Сафаров, устоди «Алифбои ниёгон»-и яке аз мактабҳои шаҳри Кӯлоб, бо такя ба таҷрибаи кориаш хулоса мекунад, ки ҳар шогирди донандаи ҳуруфи форсӣ бе мушкилӣ метавонад, сирилликро аз худ кунад: «Ҳуруфи форсӣ зеҳнро тез мекунад. Тоҷиконе, ки дар охири солҳои сиюм ҳуруфи арабиасоси форсиро хуб медонистанд, ҳангоми гузаштан ба лотиниву сириллик ҳеҷ мушкилӣ накашиданд. Дар мактаб ҳам хонандаҳое хатти форсиро тез аз бар мекунанд, ки дигар фанҳоро хуб медонанд.»

Дар ҳамин ҳол дар Тоҷикистон алифбои форсӣ расман омӯзонида мешавад. Бино ба шакли аввалаи Қонуни забони давлатии Тоҷикистон кишвар мебоист дар чанд даҳсолаи баъдӣ ба хатти форсӣ мегузашт ва ҳанӯз аз солҳои 1990 омӯзиши ин хат дар мактабҳо аз синфҳои ибтидоӣ сар мешуд. Борҳост, гуруҳе аз зиёиёни тоҷик пешниҳод мекунанд, ки алифбои арабиасоси тоҷикӣ ҷойгузини сириллик шавад, аммо ин пешниҳод тарафдори зиёд надорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG