Пайвандҳои дастрасӣ

Вазирони нави ҳукумати Украина таъин шуданд


Николай Азаров, нахуствазири Украина

Николай Азаров, нахуствазири Украина

Виктор Янукович, раисиҷумҳури Украина, дубора Юрий Колобовро вазири молия таъин кард.

Дар ҳукумати нав ба курсии вазири энерҷӣ ва саноати ангишт Эдуард Ставитский соҳиб шуд, ки аз ин пеш мақоми вазири муҳити зистро ишғол мекард. Собиқ вазири энерҷӣ Юрий Бойко муовини нахуствазир таъин гардид.

Сергей Арбузов, ки аз ин пеш раиси Бонки миллии Украина буд, дар курсии муовини аввали сарвазир нишаст.

Дар бораи таъиноти вазирони умури хориҷӣ ва умури дохилӣ то ҳол иттилоъ зери даст нест. Қаблан ин мақомҳоро Константин Гришенко ва Виталий Захарченко ишғол мекарданд.

3 декабр, баъд аз эълони натоиҷи интихоботи парлумонӣ, Виктор Янукович истеъфои ҳукумати зери раёсати Николай Азаровро қабул кард ва баъд аз даҳ рӯз Азаров бо пешниҳоди сарвари давлат дубора аз сӯи Верховная Рада дар мақоми нахуствазири Украина пазируфта шуд.
XS
SM
MD
LG