Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Полисхонуми афғон низомии амрикоиро парронд


Дар шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон, як хонуми полис мушовири низомии амрикоиро парронд. Ба иттилои намояндаи Эътилофи нерӯҳои байнулмилалӣ дар Афғонистон, ин ҳодиса дар дохили маҷмааи тамрингоҳи полис ба вуқӯъ пайваст. Полисхонум, ки Наргис ном дорад, боздошт шудааст ва таҳқиқи ҳодиса идома дорад.

Раиси бахши тафтиши ҷиноёти полиси Кобул Муҳаммад Зоҳир тирандозиро чун “ҳамлаи дохили”-и кормандони хадамоти амниятии Афғонистон ба низомиёни нерӯҳои байнулмилалӣ арзёбӣ намуд.

Соли равон бар асари ҳамин гуна ҳамлаҳои сарбозону кормандони полиси афғон 52 низомии НАТО ба ҳалокат расиданд. Аммо барои нахустин бор аст, ки як зан сӯи мушовири хориҷӣ тир андохтааст.
XS
SM
MD
LG