Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Остона як хабарнигор ғайб зад


Тоқберген Абиев

Тоқберген Абиев

Дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон, раиси маркази “Эътилофи расонаҳои хабарии “Қонун ва адолат” Тоқберген Абиев, ки мехост далелҳои фасодро ошкор кунад, ғайб задааст.

Раиси Иттиҳодияи хабарнигорони Қазоқистон Сайидқозӣ Матаев гуфт, Абиев 20 декабр ба ҳамқаламонаш паёмак фиристод, ки 21 декабр нишасти хабарӣ зери унвони “Фасодкор бояд дар маҳбас бошад”-ро доир карданист. Бар пояи хабарҳо, соати даҳи шаби ҳамон рӯз Абиев ноутбукро бо худ гирифта ба ҳамкоронаш гуфт, ки барои маводи нишасти хабарӣ меравад. Баъд аз он ӯро дигар касе надидааст ва хабарнигор ба зангҳои телефону паёмакҳо ҷавоб намегӯяд.

Хонуми Тоқберген Абиев дар бораи ғайб задани шавҳараш ба полис муроҷиат кард. Ҷустуҷӯи хабарнигор ва тафтишоти муқаддамотӣ шурӯъ шудааст.
XS
SM
MD
LG