Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Қарзгиру қарздеҳ дар Тоҷикистон осебпазиранд»


Тоҷикистон аз рӯи ҳимояи қонунии қарзгиру қарздеҳ миёни 144 кишвари дунё дар зинаи 135-ум қарор гирифтааст.

Анҷумани ҷаҳонии иқтисодӣ дар гузориши нави худ, ки зери унвони «Нишондоди рақобатпазирии иқтисодӣ дар солҳои 2012- 2013 нашр шудааст, аз рӯи ҳимояи қонунии қарзгиру қарздеҳ 144 кишвари дунёро раддабандӣ намудааст. Анҷумани ҷаҳонии иқтисод қонунгузории кишварҳои дунёро аз 0 (бадтарин) то 10 (беҳтарин) баҳогузорӣ карда, муайян кардааст, ки Тоҷикистон аз рӯи ҳимояи қарзгиру қарздеҳ ба қатори даҳгонаи қафомондатаринҳо дохил мешавад.

Ин дар ҳолест, ки дар гузориши Анҷуман, Қирғизистон ҷои 3-юм, Қазоқистон 99-ум ва Русия мақоми 118-умро соҳиб шудаанд. Соли гузашта дар ин гузориши Анҷумани ҷаҳонии иқтисодӣ Тоҷикистону Русия дар зинаи 105-ум, Қазоқистон 89-ум ва Қирғизистон дар зинаи 89-ум қарор доштанд.
XS
SM
MD
LG