Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Умаралӣ Қувватов дар фурудгоҳи Дубай боздошт шудааст


Умаралӣ Қувватов, раҳбари созмони "Гурӯҳи 24"
Умаралӣ Қувватов, раҳбари созмони "Гурӯҳи 24"

Раҳбари созмони "Гурӯҳи 24", ки худро мухолифи ҳукумати кунунии Тоҷикистон медонад, дар фурудгоҳи Дубай боздошт шудааст.

Умаралӣ Қувватов, раҳбари "Гурӯҳи 24", шоми якшанбеи 23-юми декабр дар фурудгоҳи Дубай аз сӯи маъмурони амниятии ин кишвар боздошт шудааст. То ҳол далели боздошти ӯ дақиқ нест. Маълум нест, ин кор бо дархости ҷониби Тоҷикистон сурат гирифта, ё чизи дигар.

Тоҷикистону Имороти Муттаҳидаи Араб дар соли 2007 созишномаи истирдоди гумонбаршудагонро имзо карда, парлумони Тоҷикистон ин санадро дар моҳи апрели соли 2008 ба тасвиб расондааст.

Иззат Амон, раиси Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Маскав, ба Радиои Озодӣ гуфт, Умаралӣ Қувватов ҳамроҳи намояндаи Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳуқуқи башар дар Русия -- Николай Николаев (шаҳрванди Русия) аз Маскав ба Дубай парвоз карда буданд. Ба қавли ӯ, инҳо қасд доштанд аввал ба Дубай рафта, сипас, ба Брюссел (Аврупо) парвоз кунанд.

Иззат Амон мегӯяд, дар ин бора ба онҳо Николай Николаев пас аз чанд лаҳзаи боздошти Умаралӣ Қувватов хабар додааст. Аммо Вазорати умури дохилии Тоҷикистон боздошти Умаралӣ Қувватов дар Дубайро тасдиқ ё рад накард. Дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба суоли Радиои Озодӣ дар ин бора гуфт, ки "аз ин қазия хабар надоранд".

Умаралӣ Қувватов, раҳбари пешини ширкати "Фароз" ва "Тоҷирон" аст, ки тобистони имсол Тоҷикистонро ба қасди Русия тарк кард. Ӯ бо ташкили "Гурӯҳи 24" дар хитоб ба ҳукумати Тоҷикистон гуфт, бояд Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи соли 2013 иштирок накунад.

Пас аз эълони “Гурӯҳи 24”, моҳи сентябри соли ҷорӣ Вазорати тандурустии Тоҷикистон бо нашри санаде Умаралӣ Қувватовро ба “девонагӣ” муттаҳам кард. Вазорат гуфт, Қувватов аз соли 1998 ба ин сӯ дар қайди бемориҳои руҳист. Ҳамчунин, наворҳое дар шабакаи Ютюб пайдо шуданд, ки дар онҳо гуфта мешавад, Умаралӣ Қувватов аҳли тасаввуф аст ва ӯ сӯфигиро дар Афғонистон қабул кардааст.
XS
SM
MD
LG