Пайвандҳои дастрасӣ

Як сайёди исфарагӣ аз тири ҳамроҳаш ба қатл расид


Як сайёди 27-сола дар шимоли кишвар аз тири ҳамроҳаш ба ҳалокат расидааст. Ин ҳодиса рӯзи 22-юми декабр дар мамнӯъгоҳи Конибодом рух додааст. Ҳини шикор аз беэҳтиётии сайёди 53-солаи исфарагӣ М.Ч, тир ба тахтапушти ҳамроҳаш сокини дигари ҳамин ноҳия Х.С бархӯрда, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Мақомоти интизомӣ дар робита ба ин ҳодиса парванда боз кардаанд. Ба иттилои Раёсати корҳои дохилии Суғд, дар нӯҳ моҳи соли равон дар ҳудуди вилоят 33 ҳодисаи куштор сабт шудааст.
XS
SM
MD
LG