Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

LUKoil аз харидани Қурнаи ғарбӣ-1 даст кашид


Раҳбари LUKoil Overseas дар телевизиони Русия24 зоҳир шуда, гуфт, ширкаташ аз пешниҳоди харидории саҳмияҳои ExxonMobil дар кони нафти Қурнаи ғарбӣ-1 даст мекашад. ExxonMobil 60 дарсади саҳмияҳояш дар ин кони Ироқро моҳе пеш ба LUKoil пешниҳод карда буд. Ҷамъи захираи нафти кони Қурнаи ғарбӣ-1 9 миллиард бушка ва арзиши умумиаш 50 миллиард доллар ҳисоб мешавад. Аммо Андрей Кузяев гуфт, ин тарҳ хеле бузург аст ва LUKoil Overseas мехоҳад дар Ироқ рӯи Қурнаи ғарбӣ-2, ки 75 дарсади саҳмияҳояш алакай дар дасти ин ширкати русист, тамаркуз кунад. Ширкати миллии нафти Чин ҳам ба харидани саҳми ширкати амрикоии ExxonMobil дар Қурнаи ғарбӣ-1 хеле таваҷҷӯҳ дошт ва мақомоти Ироқ аломат медоданд, ки дар ин муомила бештар ба ширкати чинӣ моиланд.
XS
SM
MD
LG