Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози сунниҳо алайҳи Моликӣ дар ғарби Ироқ


Рӯзи якшанбе ҳазорон нафар дар ғарби Ироқ ба нишони эътироз ба сарвазир Нурӣ Моликӣ шоҳроҳи Сурияву Урдунро бастанд. Эътирозгарон дар ин минтақаи умдатан суннинишин аз боздошти 10 муҳофизи вазири молия Рафиа Исавӣ бо иттиҳоми терроризм ба хашм омадаанд. Гирдиҳамомадагонро мақомоти маҳаллӣ ва раҳбарони диниву қабилавӣ низ ҳамроҳӣ мекарданд. Онҳо истеъфои Моликӣ ва “тағйири хатти машши давлати мазҳабӣ”-ро талаб доштанд. Сунниҳо Моликии шиъаро ба талоши аз саҳна канор задани худ айбдор мекунанд. Дар ибтидои сол ноиби раисиҷумҳури Ироқ Тариқ Ҳошимӣ, ки мисли Исавӣ низ намояндаи сунниҳост, дар ғайбаш бо ҷурми раҳбарии дастаҳои қотил маҳкум ба қатл шуд. Ӯ ҳоло дар Туркия паноҳ мебарад.
XS
SM
MD
LG