Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳоии 22 маллоҳ баъди 3 соли асорат дар Сомалӣ


Дар Сомалӣ 22 маллоҳро баъди қариб се сол аз асорати раҳзанҳои баҳрӣ халос кардаанд. Бино ба изҳороти дафтари раёсати минтақаи нимамухтори Пунтленд дар шимоли Сомалӣ, маллоҳони MV Iceberg 1, ки таҳти парчами Панама шино мекард, “баъди 2 солу 9 моҳи асорат” раҳо ёфта, дар асорат ба шиканҷаву маризиҳо дучор шудаанд ва ҳоло таҳти табобат қарор доранд. Ин маллоҳон атбоъи Филиппину Ҳинд, Яману Судон ва Ғанаву Покистон будаанд. Раҳзанҳои Сомалӣ, ки дар соҳилҳои уқёнуси Ҳинд ба “шикор”-и киштиҳои раҳгузар машғуланд, то ҳол ҳеҷ касеро ба чунин муддати тӯлонӣ асир нагирифта буданд.
XS
SM
MD
LG