Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди навбатии Иброҳимӣ аз Сурияи ошӯбзада


Ахзар Иброҳимӣ
Ахзар Иброҳимӣ
Фиристодаи СММ ва Лигаи Араб Ахзар Иброҳимӣ ба манзури музокирот бо раҳбарони Сурия, бо шумули раисиҷумҳур Башор Асад вориди Димишқ шудааст. Мақомоти Лубнон субҳи якшанбе гуфтанд, ки Иброҳимӣ дар фурудгоҳи Бейрут пойин шуда, бо роҳи заминӣ ба Сурия рафт. Иброҳимӣ дар сафарҳои қаблиаш мустақиман ба Димишқ парвоз мекард, вале ин бор ба далели даргириҳо дар атрофи фурудгоҳи пойтахти Сурия чунин парвозро барои ӯ манъ кардаанд. Иброҳимӣ, ки моҳи август ҷойгузини Куфӣ Анон дар мақоми фиристодаи байналмилалӣ дар Сурия шуд, бори охир 19 октябр аз Димишқ боздид карда буд.
XS
SM
MD
LG