Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи Маскав шикояти Самусевичро баррасӣ мекунад


Екатерина Самусевич

Екатерина Самусевич

Қарор аст, додгоҳи шаҳри Маскав имрӯз ба баррасии шикояти узви гурӯҳи ҳунарии Pussy Riot Екатерина Самусевич шурӯъ кунад. Самусевич мехоҳад, то додгоҳ ҳукмеро, ки 4 навори ин гурӯҳро “ифротӣ” унвон мекард, ва ҳам қарореро, ки эътирофи ӯ ҳамчун “нафари манфиатдор” барои бозбинии парвандаро радд мекард, лағв кунад. Самусевич ва 2 узви дигари Pussy Riot моҳи феврал дар пайи иҷрои як таронаи зидди Владимир Путин дар меҳроби калисои ҷомеъи Исои наҷотбахш дар маркази Маскав боздошт шуда, моҳи август бо ҷурми авбошӣ дар заминаи адовати мазҳабӣ 2-солӣ ҳукми зиндон гирифтанд. Самусевич баъдан шартан озод шуд, вале 2 ҳамдастаи ӯ то ҳол дар зиндон боқӣ мемонанд.
XS
SM
MD
LG