Пайвандҳои дастрасӣ

Натоиҷи райъпурсии Миср имрӯз эълон мешавад


Натоиҷи ниҳоии райпурсии тарҳи Қонуни асосии Миср имрӯз эълон хоҳад шуд. Аммо мухолифини дунявигаро иддао доранд, ки райъпурсӣ ҳамроҳ бо тақаллуб сурат гирифт. Ҷабҳаи наҷоти миллии Миср гуфт, аз натоиҷи ин маърака шикоят бурда, аз Кумиссиюни интихобот мехоҳад, ки ҳанӯз қабл аз эълони натиҷаҳо мавридҳои тақаллубро таҳқиқ кунад. Олмон нахустин кишвари ғарбӣ буд, ки аз даъватҳо ба таҳқиқи мавридҳои тақаллуб дар райъпурсии Миср пуштибонӣ кард. Матбуоти давлатӣ ва ҳизби ҳокими Ихвонулмуслимин мегӯянд, бино ба натиҷаҳои муқаддамотӣ, 64 фоизи мардум ба тарҳи Қонуни асосии Миср райъи мувофиқ додаанд. Аммо аз 51 миллион нафари соҳиби райъ дар райъпурсӣ танҳо 32 дарсад ширкат кардааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG