Пайвандҳои дастрасӣ

Сеяки кони Бохтар дар ихтиёри Total қарор гирифт


Бино ба хабарҳо, сеяки саҳмияҳои Kulob Petroleum – бахши маҳаллии ширкати Tethys Petroleum- дар кони гази Бохтарро ширкати фаронсавии Total ва 33,33 фоизи дигарашро ширкати чинии CNODC ба даст овардаанд. Ба дунболи ин қарордод, дар ихтиёри Kulob Petroleum танҳо 33,3 фоизи ин кон боқӣ мемонад. Кони Бохтар дар ҳавзаи Амӯдарё дар майдони 35 000 метри мураббаъ доман густурдааст. Tethys чанде пеш бо нашри як гузориш аз вуҷуди захираҳои бузурги нафту газ дар зери бистари хоки Тоҷикистон хабар дода буд. Total дар ҳоли ҳозир севумин ширкати бузурги нафт дар Аврупо ба шумор рафта, фоидааш дар 9 моҳи аввали соли ҷорӣ, бо вуҷуди 17 дарсад коҳиш, боз ҳам 8,3 миллиард долларро ташкил додааст.
XS
SM
MD
LG