Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи ҳавоӣ ба як навбати нон дар Сурия


Дидбони ҳуқуқи башари Сурия мегӯяд, бар асари ҳамлаи ҳавоӣ ба як нонвойхона дар шаҳри Ҳалфаяи вилояти Ҳамо беш аз 50 тан кушта шудаанд. Ҳалфая таҳти назорати чирикиҳое, ки алайҳи режими Башор Асад меҷанганд, қарор дорад. Дар наворҳои дар Интернет нашркардаи фаъолон даҳҳо ҷасади хунин дар рӯи роҳ мушоҳида мешаванд. Ба ҳисоби ҳомиёни ҳуқуқ, тайи 21 моҳи ошӯб алайҳи режими Асад дар Сурия беш аз 44 000 нафар ҷон бохтаанд. Ин ошӯб моҳи марти соли 2011 бо илҳом аз инқилобҳои мардумӣ дар Мисру Либия, Тунису Яман ва кишварҳои дигари арабӣ оғоз ёфта буд.
XS
SM
MD
LG