Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Солгарди 33-юми оғози ҷанги Шӯравӣ дар Афғонистон


Имрӯз, 24 декабр раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ба Ҳинд сафар мекунад. Имрӯз дар Қоҳира натоиҷи раъйпурсии тарҳи Қонуни асосии Мисрро эълон хоҳанд кард. Имрӯз додгоҳи ноҳияи Приморскаяи Одесса дар Украина ба муҳокимаи парвандаи Адам Осмаев, ки ба таҳияи нақшаи сӯъиқасд ба Путин айбдор мешавад, шурӯъ мекунад. 24 декабр дар Манама, пойтахти Баҳрайн, нишасти дурӯзаи сарони Шӯрои ҳамкории халиҷи Форс оғоз ба кор хоҳад кард. Ва 24 декабри соли 1979 тақрибан 80 000 нирӯи артиши Шӯравӣ вориди Афғонистон шуданд. Тайи 10 соли ҷанг Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон беш аз 15 000 қурбонӣ дод.
XS
SM
MD
LG