Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифони мисрӣ аз назархоҳӣ қонеъ нестанд


Мухолифини дунявии Миср иддао доранд, ки дар назархоҳии конститутсионии ин кишвар тақаллуб ҷой дошт. Ин ҳам дар ҳолест, ки исломгароҳои ҳокими Миср мегӯянд, мардум аз сарқонуни нав пуштибонӣ намудааст. Рӯзи якшанбе Ҷабҳаи наҷоти миллии мухолифи ҳукумати Миср иброз дошт, тақозо мекунад, натиҷаҳои назархоҳии иборат аз ду марҳила бозбинӣ шаванд. Зеро “тақаллуб ва хилофкорӣ” ба натиҷаи он таъсир гузоштааст. Даври дуюми назархоҳии конститутсионии Миср рӯзи шанбе доир шуда буд. Ба қавли Амр Ҳамзавӣ-узви Ҷабҳа, онҳо аз комиссияи интихоботӣ хоҳиш мекунанд, то замони арзёбии шикоятҳо натиҷаҳои ниҳоии назархоҳии сарқонуни нави Мисрро эълон накунад. Олмон аввалин кишвари ғарбӣ аст, ки таҳқиқи натиҷаҳои назархоҳиро дастгирӣ кардааст. Хабаргузории расмии ал-Аҳроми Миср аллакайд ар бораи “пирӯзии фарогир” гузориш дода, гуфтааст, ки тибқи иттилои пешакӣ 64 дар сади раъйдиҳандагон аз сарқонуни нав пуштибонӣ кардаанд. Тахмин мешавад, ки комиссияи интихобтӣ натиҷаҳи ниҳоии назархоҳиро 24-уми декабр эълон хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG