Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бозии санҷишии мунтахаби Тоҷикистон бо мунтахаби бошгоҳҳои кишвар


Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-21) 24-уми декабр дар шаҳри Норак бо дастаи мунтахаби бошгоҳҳои кишвар бозии санҷишӣ анҷом медиҳад.

Ин бозии санҷишӣ дар доираи омодагӣ ба Ҷоми Иттиҳод-2013, ки аз 18-ум то 27-уми январ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор мешавад, доир мегардад.
Ёдовар мешавем, бар асоси қуръакашӣ дастаҳо ба се гурӯҳ (ҳар гурӯҳ иборат аз 4 даста) тақсим шудаанд. Мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи “А” бо тимҳои Белорус, Латвия ва Эстония рақобат мекунад. Нахустин бозиро футболбозони ҷавони тоҷик 18-уми январ бо мунтахаби Эстония анҷом медиҳанд.

Дар даври дувум ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ва ду тими беҳтарин миёни дастаҳои ҷойҳои севумро ишғолкарда барои ҷойҳои 1-8-ум мубориза мебаранд. Дастаҳои боқимонда барои ҷойҳои 9-12-ум талош мекунанд. Бозии ниҳоӣ 27-уми январ барпо хоҳад гашт. Ҳамаи бозиҳо дар маҷмааи фарҳангию варзишии «Петербургский» баргузор мешаванд.

Ҷамъомади таълимиву тамринии дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев, инчунин мураббиён Салоҳиддин Ғафуров, Нуъмон Юсуфов ва Аслиддин Ҳабибуллоев (мураббии дарвозабонҳо) дар шаҳри Норак то 30-юми декабр идома хоҳад кард.

Ба дастаи мунтахаб 26 бозигар: 4 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 6 ҳамлагар даъват шудаанд: дарвозабонҳо - Фаррух Бердиев («Истаравшан»), Муъминҷон Гадойбоев («Хуҷанд»), Муродулло Саидов, Эмомалӣ Сониев (ҳарду –«Истиқлол»), ҳимоятгарон - Фуруғ Қодиров, Руслан Тиллоев (ҳарду – ССКА «Помир»), Наим Улмасов, Сиёвуш Асроров, Сергей Абрамов (ҳарсе – «Вахш»), Алишер Шарифов («Регар-ТадАЗ»), Аҳтам Назаров, Павел Калугин (ҳарду - «Энергетик»), нимҳимоятгарон - Умедҷон Шарифов, Нуриддин Давронов, Вайсиддин Сафаров (ҳарсе – «Истиқлол»), Шамсиддин Қосимов, Азимҷон Юнусзода (ҳарду - ССКА «Помир»), Ҷамолиддин Зардиев («Вахш»), Нодирбек Маъмиров («Парвоз»), Расул Файзов («Регар-ТадАЗ»), ҳамлагарон - Наврӯз Рустамов («Равшан»), Ҷаҳонгир Эргашев, Толиб Султонов (ҳарду – «Истиқлол»), Шодибек Ғаффоров, Шавкати Ҳотам (ҳарду - «Энергетик»), Комрон Турсунов («Регар-ТадАЗ»).

Ба дастаи мунтахаби бошгоҳҳои кишвар таҳти раҳбарии мураббиён Тоҳир Муъминов ва Бахтиёр Ҳалимов 16 бозигар аз 6 дастаи лигаи олӣ даъват шудаанд:

дарвозабонҳо - Миралӣ Муродов («Энергетик»), Умед Давлатов («Вахш»),

ҳимоятгарон - Маҳмадлоиқ Нуриддинов, Идибек Ҳабибуллоев (ҳарду – «Хайр»), Сафархон Мирзоев («Энергетик»), Акмал Сабуров («Регар-ТадАЗ»),

нимҳимоятгарон - Комрони Мирзохон («Парвоз»), Орзу Додхудоев, Абдуқаюм Қарабоев (ҳарду- ССКА «Помир»), Алишер Улмасов, Исроил Идиев (ҳарду - «Хайр»), Абдулло Саидов, Комрони Мирзонаҷот, Бахтиёр Чориев (ҳама - «Энергетик»),

ҳамлагарон - Даврон Тухтасунов («Парвоз») ва Мирзобек Мирзоев («Хайр»).

Бозии санҷишӣ дар варзишгоҳи “Барқ”-и Норак соати 14:00 шуруъ мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG