Пайвандҳои дастрасӣ

Бомдоди рӯзи якшанбе сӯхтори бузурге бозори марказии шаҳри Кобулро ба коми худ кашид.

То ҳол дар бораи талафоти ҷонӣ иттилоъ нарасидааст, вале даҳҳо дукони дохили бозори Мандавӣ маҳв гардида, ба қавли мақомот маркази асъори шаҳри Кобул, ки дар назди ин бозор қарор дошт, ба ҷои амн интиқол дода шуд.

Гурӯҳҳои сӯхторнишонии паймони НАТО ва артиши афғон барои мубориза бо оташ даъват шуданд. Тахмин мешавад, ки сабаби сӯхтор тамоси симҳои интиқоли нерӯи барқ аст.

Бозори марказии Кобул дар як километрии қасри раёсатҷумҳурӣ ва як идда вазоратҳои Афғонистон ҷойгир мебошад. Мақомот аз эҳтимол дур медонанд, ки сӯхтори амали террористӣ бошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG