Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷамъи имзо барои таҳрими вакилони Думаи Русия


Беш аз 27 ҳазор нафар тавассути интернет дар як аризаи дастаҷамъӣ имзо гузошта, аз ҳукумати ИМА дархост намудаанд, бар зидди вакилони мардумии Русия, ки фарзандхонии кӯдакони рус аз тарафи шаҳрвандони ИМА-ро манъ кардаанд, таҳрим ҷорӣ намояд. Муаллифони ариза аз Қасри Сафед хостаанд, номи ин вакилони мардумии Русияро ба рӯйхати сиёсатмадороне, ки бар пояи Қонуни Магнитский таҳрим шудаанд, ҳамроҳ намоянд.
Вячеслави Никонов-муовини раиси Кумитаи равобити хориҷии думаи давлатии Русия ва узви фаъоли ҳизби ҳокими Русия воҳид ба хабаргузории Интерфакс иброз доштааст, ки агар ягон нафар аз вакилони мардумии Русия мавриди таҳрим қарор гиранд, Маскав посухи шадид хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG