Пайвандҳои дастрасӣ

Сеул: Кореяи Шимолӣ мушаки баллистикӣ озмудааст


Мансабдорони низомии Кореяи Ҷанубӣ мегӯянд, мушаке, ки моҳи равон Кореяи Шимолӣ озмоиш кард, метавонад масофаи то 10 ҳазор километрро тай намояд. 12-уми декабр Кореяи Шимолӣ мушаки Унҳа-3-ро ба кайҳон фиристода, иддао намуд, ки ин бахши барномаи илмии ирсоли моҳвора ба кайҳон аст. Аммо рӯзи якшанбе вазорати мудофиаи Кореяи Ҷанубӣ гуфт, таҳлили парвози мушак аз он огаҳӣ медиҳад, ки эҳтимол Унҳа-3 мушаки баллистикие бошад, ки имкон дорад, ба ҳадафҳо дар ИМА ҳам исобат кунад. Кореяи Шимолӣ ин партобро муваффақияти бузург номидааст, вале коршиносон бар ин ақидаанд, ки Кореяи Шимолӣ ҳанӯз ҳам барои тавлиди мушаки байниқоравӣ вақти зиёд дорад, зеро мушакҳояш имкони бозгашт ба мадори заминро надоранд ва кулоҳакҳои ҳастаии Пхенян хурд мебошанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG