Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Император Акиҳито 79-сола шуд


Акиҳито-императори Япония
Акиҳито-императори Япония
Рӯзи якшанбе императори Япония ва ё Ҷопон Акиҳито 79-сола шуд. Акиҳито аз айвони Қасри императорӣ ба афроде, ки барои табрики ӯ ҷамъ шуданд, ибрози сипос намуда, афзуд, ки баъди ҷарроҳии қалб дар моҳи феврали соли равон, худро хеле хуб ҳис мекунад. Ӯ гуфт, ки вақташро бо умеди беҳбуди вазъи мардуми кишвараш ва ба хусус онҳо, ки бар асари тсунамӣ ва фоҷеаи ҳастаии моҳи марти соли 2011-ум дар Фукушима азият кашидаанд, сарф мекунад. Акиҳито дар соли 2003-ум аз саратони простат шифо ёфтааст. Соли гузашта сарфи назар аз беморӣ ӯ бо ҳамсараш малика Мичико дар саросари Япония сафар карда, бо мардуме, ки аз мадду ҷазр ва таркиши ҳастаии Фукушима зиён дидаанд, вохӯриҳо барпо намудааст.
XS
SM
MD
LG