Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон ба ёди қурбониҳои бомбгузорӣ мотам дорад


 Дар поёни ҳамин маҷлис Башир Билор ба қатл расид ( 22-уми декабри соли 2012)
Дар поёни ҳамин маҷлис Башир Билор ба қатл расид ( 22-уми декабри соли 2012)
Имрӯз дар Покистон ба ёди қурбониҳои бомбгузории маргталабонаи рӯзи шанбе рӯзи мотам эълон шудааст. Шумораи қурбониҳои ҳамлаи маргталабона дар шимолу ғарби Покистон ба нуҳ нафар расид. Аз ҷумла вазири баландпояи ҳукумати маҳаллӣ Башир Билор ба ҳалокат расидааст. Рӯзи шанбе бомбгузор болои нишасти ҳизби Авоми миллии ҳокими вилояти Хайбар Пахтунхво ҳамла кард. Ҳадафи бомбгузор Башир Билор будааст ва Толибони Покистон масъулияти ҳамларо бар дӯш гирифтаанд. Рӯзи шанбе сарвазири Покистон Роҷа Парвиз Ашраф шуҷоати Билорро қадрдонӣ кард ва гуфт:
Мо аз шуҷоат, ибтикор ва эҳсоси ӯ ифтихор мекунем. Ман ҳамин ҳоло телефонӣ бо раиси шӯрои вазирони Хайбар пахтунхво сӯҳбат кардам. Ман ба ӯ гуфтам, ки тамоми миллат имрӯз бо ӯст ва муборизаи ҳукумати ин вилоят бо терроризм мояи ифтихори мост. Ҳукумати марказӣ ҳозир аст ба ҳукумати ин вилоят кумак расонад. Ҳар чизе лозим буд, мо таъмин хоҳем кард.”
Билори 69-сола раҳбари ҳизби Авоми миллӣ буд. Ин ҳизб дунявӣ буда, дар тахминан як соли раҳбарии вилояти Хайбар Пахтунхво бо ошӯбгарони исломӣ даст ба гиребон аст.
XS
SM
MD
LG