Пайвандҳои дастрасӣ

"Тобон"- шоми муд дар Душанбе


Шоми шанбе, 22-юми декабр дар шаҳри Душанбе зери унвони «Тобон» Шоми Муд баргузор гардид, ки садҳо дӯстдори зебоиро дар Кохи «Душанбе Плаза» гирди ҳам овард. Барои тамошобинон, ки аз доираҳои гуногун, сиёсат, фарҳанг ва соҳибкорӣ буданд, донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон либосҳои миллию аврупоӣ ба намоиш гузоштанд. Аҳли эҷоди донишгоҳ диди нави худро ба либосҳои миллӣ, аврупоӣ ва ориишоти мӯй муаррифӣ карданд. Аз ҷумла донишҷӯёни Донишгоҳи технологӣ тарзи либоспӯшии мардуми вилояти Бадахшон, Суғд ва Хатлонро аз нигоҳи нав муаррифӣ намуданд. Ороишоти мӯй бо тарзҳои гуногун аз қисматҳои дигари Шоми Муд дар шаҳри Душанбе буд.

XS
SM
MD
LG