Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай хориҷиёнро масъули фасод дар кишвараш номид


Президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай
Президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай
Президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай мегӯяд, ҳукуматҳои хориҷӣ масъули фасоди густарда дар ин кишвар буда, кӯшишҳои бунёди ҳокмияти қонунро барҳам мезанад. Рӯзи шанбе дар як паёми телевизионӣ гуфт, ришвахории мансабдорон маҳаллӣ дар муқоиса бо миллионҳо долларе, ки хориҷиён ҳангоми имзои созишҳои шубаҳбарангез пардохт мекунанд, ҳеҷ аст.
Раҳбари афғон бар ин назар аст, ки ҳукумати Афғонистогн даро мубориза бо фасод пешрафт кардааст. Аммо кумакрасонҳои байналмилалӣ мегӯянд, кӯшишҳои эҳёи Афғонистонро фасод ба ақиб кашида, ҳукумат зиёд хоҳиш надорад қазияҳои фасодро, ки дар он муттафиқони сиёсиаш муттаҳам мешаванд, ба таври лозима таҳқиқ ва масъулонро муҷозот намояд.
XS
SM
MD
LG