Пайвандҳои дастрасӣ

Пхенян мушаки нерӯмандтаре орзу кардааст


 Ким Чен Ун дар маркази назорати парвозҳои кайҳонӣ (12.12. 2012)

Ким Чен Ун дар маркази назорати парвозҳои кайҳонӣ (12.12. 2012)

Рӯзи шанбе расонаҳои Кореяи Шимолӣ хабар доданд, ки раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ун фармони тавлиди мушакҳои нерӯмандтареро содир кардааст. Тибқи ин гузоришҳо ӯ рӯзи ҷумъаи 21-уми декабр дар Пхенян ҳамроҳ бо донишмандону муҳандисон партоби мушак ба кайҳонро таҷлил намуда, амр додааст, ки мушакҳои беҳтару нерӯмандтаре истеҳсол шуда, ба кайҳон фиристода шаванд. Ким Чен Ун мегӯяд:
Ин партоби мушак, ки ба шарофати мардуми мо доир шуд, эълони возеҳи ҳаққи мо ба истифодаи осоиштаи фазо мебошад. Ин ҳамчунон дастоварди таърихии низомӣ низ ҳаст, ки аз нерӯи умумии милатамон шаҳодат медиҳад.”
Моҳи равон Кореяи Шимолӣ бо муваффақият як мушакро ба кайҳон ирсол намуд. Ин партоби мушакро ИМА, Кореяи Ҷанубӣ ва дигар аъзои Шӯрои Амнияти СММ озмоиши мушаки баллистикӣ номида, мавриди интиқоди шадид қарор доданд. Бар пояи қатъномаи Шӯрои Амнияти СММ, ки ҳадаф аз он маҳдуд намудани имконоти тавлиди силоҳи ҳастаӣ дар Кореяи Шимолӣ мебошад, мақомоти Пхенян ҳақ надоранд, мушаки баллистикӣ озмоиш намоянд.
XS
SM
MD
LG