Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷон Керрӣ Ҳилларӣ Клинтонро иваз хоҳад кард


Барак Обама ва Ҷон Керрӣ (аз тарафи рост)
Барак Обама ва Ҷон Керрӣ (аз тарафи рост)

Президенти ИМА, Барак Обама сенатори демократ, Ҷон Керриро ба вазифаи котиби давлатии ИМА, яъне ба мансаби вазири корҳои хориҷии ин кишвар пешбарӣ кард.

Рӯзи ҷумъа дар Қасри Сафед ҳангоми эълони ин тасмим Обама гуфт, ки Керриро раҳбарони саросари олам эҳтиром мекунанд. Пешбинӣ мешавад, ки сенат бидуни баҳсу талош Керрии 69-соларо дар мансаби котиби давлатии ИМА тасдиқ мекунад. Керрӣ 30 сол инҷониб узви сенат мебошад. Котиби давлатии феълӣ, хонум Ҳилларӣ Клинтон эълон кардааст, ки моҳи оняда ба истеъфо меравад. Клинтон дар маросими эълони номзадии Керрӣ иштирок накард, зеро бемор аст.

Ба қавли президенти ИМА Керрӣ барои ишғоли курсии котиби давлатӣ комилан омода аст: “Ба фикрам одилона аст, бигӯям, ки хеле афроди кам ба мисли Керрӣ бо президентҳову сарвазирони хориҷӣ ошноӣ доранд ва ё сиёсати хориҷии моро мисли ӯ дарк намоянд. Аз ин рӯ, ӯ беҳтарин интихоббарои раҳбарии дипломатияи амрикоӣ дар солҳои оянда аст.”

Президенти ИМА афзуд, дар ҳоле, ки ИМА даҳсолаи ҷангро пушти сар мекунад, Керрӣ мефаҳмад, ки ИМА бояд ҳама унсурҳои қудратро таҳти назорат қарор диҳад.

Керрӣ баъд аз он номзад ба курсии котиби давлатӣ пешниҳод шудааст, ки сафири ИМА дар СММ хонум Сюзан Райс баъди танқиди ӯ аз тарафи ҷумҳурихоҳони Конгресс номзадиашро бозхонд. Керрӣ дар соли 2004-ум номзади ҳизби демократи ИМА барои курсии президенти ин ин кишвар буда, дар сабқат бо Ҷорҷ Буш ноком шудааст. Ӯ иштирокчии ҷанги Ветнам буда, баъди бозгашт аз ҷанг ба фаъоли зидди ҷанг табдил ёфтааст. Керрӣ ба ҳайси раиси Кумитаи равобити хориҷии Сенати Амрико ҳимоятгари як идда ташаббусҳои сиёсати хориҷии президент Обама мебошад. Ҳамчунон сиёсатшиносон пешбинӣ мекунанд, ки президент Обама ба ҷои Леон Панетта сенатори ҷумҳурихоҳ Чак Ҳагелро, ки мисли Керрӣ собиқадори ҷанги Ветнам аст, ба мансаби вазири мудофиаи ИМА пешбарӣ хоҳад кард. Билохира нафари сеюми амниятӣ, ки ба зудӣ таъйин хоҳад шуд, раиси Идораи марказии кашфи ИМА аст. Раиси пештараи ин ниҳод Дейвид Петреус баъди ошкор шудани равобити маҳрамонааш бо як зан аз ин мансаб истеъфо додааст.
XS
SM
MD
LG